Ба гузориши хабаргузории АБНА, аз субҳи имрӯз (чоршанбе), се танкери қонуншикан, ки бе таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои Нерӯи баҳрии Артиш ва бо хомӯш кардани системаҳои навигатсионӣ дар минтақаи манъшудаи шарқи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳаракат мекарданд, бо бархӯрд ба минаҳои баҳрӣ оташ гирифта ва боздошт шуданд.
Идораи робитаҳои ҷамъиятии Нерӯи баҳрии Артиш таъкид кард: ҳар гуна ҳаракат дар гулӯгоҳи Ҳурмуз вобаста ба риояи қоидаҳои эълонкардаи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, анҷом додани ҳамоҳангсозиҳои зарурӣ, интихоби коридорҳои баҳрии иҷозатдодашуда ва фаъол нигоҳ доштани таҷҳизоти раҳгирӣ ва навигатсионӣ мебошад ва гузаштан бе риояи ин талабот натиҷае ҷуз бархӯрд ба минаи баҳрӣ ва оташсӯзӣ надорад.
Your Comment